Абтарии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абтарии Бадахшӣ
Зодгоҳ: Бадахшон
Навъи фаъолият: шоир

Абтарии Бадахшӣ (асри 16) — шоири форсизабони Ҳиндустон .

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бадахшон ба дунё омада, замони ҳукмронии Акбар (1556 — 1605) ба Ҳиндустон меравад ва ба хидмати дарбор дохил мешавад. Абтарии Бадахшӣ аз шоирони мутасаввиф, мӯътақиди таълимоти Ибни Арабӣ (1165 — 1240) буд. Тазкиранависон дар шеъргӯӣ маҳорату табъи равон доштани Абтарии Бадахширо зикр кардаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осори ӯ шеърҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки онҳо дар маъхазҳои гуногун сабт гардидаанд.

Гуфтӣ: «Вафо кунем ба аҳбоб ё ҷафо?»

Эй шӯх, бандаи сухани аввалем мо.

  • * *

Миёни олиму ҷоҳил ҳамин қадар фарқ аст,

Ки ӯ кашидаинон асту ин гусастамиҳор.

  • * *

Ҷифаи дунё надорад пеши мо ранге, ки лаъл

Мешавад мурдорсанг аз дасти истиғнои мо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдулқодири Бадоюнӣ, Мунтахаб-ут-таворих, ҷ. 3, Калкатта, 1929;
  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ. 1, Д., 1981.