Гулбутта (деҳа, н. Турсунзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулбутта
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Қаратоғ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1321 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Гулбутта, Гилбӯтта — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Турсунзода. Аз Гулбутта то маркази ҷамоат 17 км, то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1321 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Талабагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Аҳорун идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо ‒ лалмӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]