Гулистон (деҳа, н. Левакант)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Левакант
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2649 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3250

Гулистондеҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левакант. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2649 нафар (2017), тоҷикон.

Гулистон соли 1960 ташкил шуда, аҳолиаш аз деҳаи Ботурободи ҳамин минтақа кӯчидаанд.

Ицтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, заводи хиштбарорӣ, пойгоҳи обкашии барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 14 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Муҳаммадҷон» мавҷуд аст.

Шахсиятщои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоир Ҳаитбой Лоиқов дар ҳамин деҳа зода шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]