Давлатшоҳи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлатшоҳи Самарқандӣ
Таърихи таваллуд: 1438[1][2][3][…]
Таърихи даргузашт: 1491[1][2]
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Давлатшоҳи Самарқандӣ (форсӣ: دولتشاه سمرقندی‎; 1438, Самарқанд — 1491, Ҳирот) — тазкиранигор, нависанда ва шоири форс-тоҷик, муаллифи «Тазкирату-ш-шуаро».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Амир Давлатшоҳ валади Амир Алоуддавла Бахтишоҳи Ғозии Самарқандӣ дар соли 1438 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Падараш аз муқаррабон ва ҷанговарони Шоҳрух (ҳукмронӣ 1397–1447) будааст. Аз хурдсолӣ ба касби илму дониш пардохта, дар зодгоҳаш аз Фазлуллоҳи Самарқандӣ ном марди донишманд таълим гирифтааст. Дар мадрасаҳо ва ба тарзи худомӯзӣ забону адабиёти араб, адабиёти форс-тоҷик, махсусан, илми шеър, таъриху ҷуғрофия ва ғ-ро амиқ омӯхтааст. Даврони ҷавонии ӯ, баъди фароғат аз таҳсил, монанди падару хешовандонаш дар муҳити дарбор сипарӣ гаштааст. Аз ҷумла, соли 1471 ба Ҳирот рафта, муддате дар боргоҳи Султон Ҳусайни Бойқаро (ҳукмронӣ 1470–1506) хидмат кардааст. Аммо ба зудӣ аз мулозимат хаставу дилгир шуда, аз ин шуғли нописанд даст кашидааст ва ба корҳои деҳқониву таълифу таҳрир машғул гардидааст. Марди хуштабъи дарвешсурат ва босалоҳияте буда, ба муҳиту маҳфили Ҷомиву Навоӣ раҳ ёфтааст ва аз суҳбату анҷуманҳояшон баҳравар гардидааст. Инчунин, бо аҳли илму адаби Ҳирот унс гирифта, дар мусобиқаю мубоҳиса ва мушоираву мубодилаҳои адабии қаламкашони шаҳр фаъолона ширкат варзидааст. Дар миёни солҳои 80 асри 15 ба зодгоҳаш баргашта, дар фақру нодорӣ умр ба сар бурдааст. Аз ҷумла, дар рубоие аз ноҳамвориву нобаробариҳои зиндагӣ нолида, бо дарду алам фармудааст:

Дар даҳр маро на ҷоҳу моле ҳосил,
На илму камолу ваҷҳу ҳоле ҳосил!
Мардон дари мардон задаанд, аз чӣ марост
Чун номардон хобу хаёле ҳосил?!


Давлатшоҳи Самарқандӣ дар шеър тахаллуси Алоӣ доштааст. Ашъори парокандаи ӯ, ки дар қолиби қасидаву ғазал, рубоиву маснавӣ ва қитъа рехта шудаанд, асосан дар тазкираи худаш фароҳам омадаанд.

Қасидаҳои ӯ дар мадҳи хулафои рошидин, подшоҳи замон Султон Ҳусайни Бойқаро, тавсифи Ҷомию Навоӣ, марсияву таърихи фавти баъзе ҳамзамононаш офарида шуда, ғазалу рубоӣ ва қитъаву маснавиҳояш дар мавзӯъҳои суннатии адабиёти классикии форс-тоҷик таълиф ёфтаанд. Нисбат ба шахсияту эҷодиёти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳурмату эътиқоди зиёд дошта, дар муқаддимаи тазкираи худ рубоиеро аз офаридаҳои ӯ иқтибос овардааст ва қасидаи муламмаъашро, ки дар васфи Навоист, дар вазну қофияи яке аз ғазалҳои Ҷомӣ нигоштааст. Рубоии зер далели табъи нозуку ҳунари волои сухангустарии ӯ буда метавонад, ки моломоли санъатҳои бадеии адабиёти форс-тоҷик, монанди хитоб, таҷнис, маҷоз, талмеҳ мебошад:

Ай ҳамнафасон, аҷаб сароест ҷаҳон,
Бошед аз ин саройи бадмеҳр ниҳон!
Ин аст дар ин ҷаҳони дун кори миҳон,
Чун кори миҳон чунин бувад, войи киҳон!

Ёдгори мондагори эҷодии Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкирату-ш-шуаро»-и маъруфи ӯст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алишери Навоӣ. Маҷолису-н-нафоис. Тошкент, 1961;
  • Аҳмедов Б. Давлатшоҳ Самарқандий. Тошкент, 1967;
  • Афсаҳзод А. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV. Д., 1987;