Дучинора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Дучинора
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Сомон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3200 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Дучинора — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Дучинора то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 3200 нафар (2017)[1], тоҷикон.

ном[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даромадгоҳи деҳа ду чинор мавҷуд буда, таърихи худро доранд ва номи деҳа аз ҳамин чанорҳо гирифта шудааст[2].

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардум ба зироатпарвариву боғдорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Ҳоло дар Дучинора мактаби миёна, чор масҷиди панҷвақта, 2 мағоза, китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, осиёби обӣ, 4 осиёби барқӣ, 8 ҷувози барқӣ фаъолият доранд.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 243