Зуманд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зуманд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Варзоб
Ҷамоат Деҳоти Деҳмалик
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 736 тан (2017)
Миллият тоҷикон (яғнобиҳо)
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3153

Зуманд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб. Аз Зуманд то маркази ноҳия 30 км; роҳ худравгард. Аҳолиаш 736 нафар (2017; 655 нафар — 2007), яғнобиҳо[1].

Таърих ва мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1878 бунёд шуда, аҳолиаш асосан аз водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ба ин минтақа кӯчидаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои Ҳаёт, Булоқ ва Шаршар обёрӣ мешаванд.

Шахсиятҳои шинохта[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди деҳа 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Номзади илмҳои педагогӣ Г. Неъматов, Чорводори хидматнишондодаи ИҶШС М. Раззоқов, дорандаи ордени Ленин С. Мирзоев, шоир (узви ИН Тоҷикистон) Х. Юлдошев, аввалин барпокунандагони сохти колхозӣ дар ноҳия Варзоб Арбоб Қосим ва Шукур Қосим дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Is Yaghnobi an Endangered Language?(англ.). The Yaghnobi (24 April 2007). 22 феврали 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]