Институти биологии Помир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмолгия
Соли таъсис Соли 1969
Президент Гулнора Хуҷамзода
Аъзои вобаста 46
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Хоруғ, 736002, кӯчаи Холдоров, 1
Сайт ibp.tj

Институти биологии Помир соли 1969 дар заминаи Боғи ботаникии Помир, Пойгоҳи биологии Помир ва заминагоҳи Ишкошим оид ба заминкорӣ таъсис дода шудааст. Нахустии директори институт академик Х.Ю. Юсуфбеков буд, ки институтро аз соли 1969 то соли 1981 сарварӣ намуд. Аз соли 1981 то соли 1988 институтро узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ О.А. Ақназаров, аз соли 1988 то соли 1996 узви вобастаи АИ ҶТ У.Х. Холдоров роҳбарӣ намуданд. Сарварии Институтро аз соли 1996 то соли 2013 академик О.А. Ақназаров ба зимма дошт. Давоми солҳои 2014-2018 директории Институт ба зиммаи доктори илмҳои биологӣ Наврӯзшоев Довудшо гузошта шуда буд. Аз соли 2019 то имрӯз сарварии Институтро номзади илмҳои биология Гулнора Хуҷамзода ба ӯҳда дорад.[1]. Дар ташаккул ва рушди таҳқиқоти илмии Институт академикҳои АМИТ Х.Ю.Юсуфбеков, О.А.Ақназаров, аъзои вобастаи АМИТ У.Холдоров, А.С.Фелалиев, доктори илм К.В.Станюкович, О.Е.Агаханянц, А.А.Коннов, С.М.Маҳмадбеков, Е.К.Кардо-Сысоева, В.А.Михайлов, Ю.С.Корзинников, С.Шомансуров. К.Абдуламонов, Х.Ақназаров. Д.Наврӯзшоев ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси Институт академикҳои АМИТ М.Н.Нарзикулов, Ю.С.Носиров, Х.Ҳ.Каримов, узви вобастаи АМИТ В.Р.Камелин, доктори илм К.В.Станюкович, О.Е.Агаханянц, Е.К.Кардо-Сысоева, В.И.Кефели, В.В.Письяукова, В.И.Красноборов, академики Академияи илмҳои Украина П.П.Глеба ва дигарон нақши бузург бозиданд.[2].

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • шӯъбаи гуногуншаклии биологии наботот ва ҳайвонот;
  • озмоишгоҳи экологии таҷриба-вии растаниҳо;
  • озмоишгоҳи мевапарварии баландкӯҳӣ;
  • Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский;
  • осорхонаи «Табиат».

Дар институт 46 корманди илмӣ, аз ҷумла 3 доктори илм (аз онҳо 1 нафар академики АИ ҶТ) ва 11 нафар номзади илм мебошанд.

Дастовардҳои олимон[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимони институт ба дастовардҳои зерини илмӣ ноил гардиданд:

Иттилооти нав оид ба механизми таъсироти мутақобили омилҳои экологии баландкӯҳӣ ва фитогармонҳо дар равандҳои афзояндагӣ ва ҳосилдиҳӣ ва дар морфогенези растаниҳо ба даст оварда шуд; хусусияти ҷамъшавии стимуляторҳои эндогенӣ ва ингибаторҳои афзоиш вобаста ба баландии маҳали сабзиши онҳо ва дараҷаи ғайриоддӣ будани омилҳои экологӣ муайян карда шуд. Нишон дода шудааст, ки Бадахшони Кӯҳистон аз рӯи гуногуншаклии навъҳои мулоими гандум дар Осиёи Марказӣ мавкеи пешсафиро ишғол менамояд. Масалан, аз 273 навъи дар Осиёи Марказӣ маълуми гандуми мулоим 151 навъи онҳо дар Помири Ғарбӣ дучор меояд. 69 намудҳои гуногуни гандумҳои мулоими маҳаллӣ ва 11 шакли паканаи ин гандум ҷамъоварӣ карда шудааст. дар байни онхо 5 намуди гандуми мулоими белигул барои илм намудҳои нав мебошанд, ки дар қишлоқҳои Яншарв ва Рухчи водии Бартанг ошкор гардидаанд.

Аз тарафи селексионерҳои институт навъи нави тритикале бо номи «Бадахшон» ҳосил карда шуд, ки он бо серҳосилӣ (47-50 с/га) фарқ карда, дар шароити иқлимии Бадахшон мутобиқ гардонида шудааст. Ин навъ аз навъсанҷии давлатӣ дар Ҷумҳурии Точикистон бомуваффақият гузашта истодааст. Масъалаи ноҳиябандӣ кардани он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Кормандони озмоишгоҳи истеҳсолоти кӯҳӣ коллексияи навъ ва шаклҳои маҳаллӣ ва интродуксионии зироатҳои мевагии донакдор ва тухмакдор ва ҳамгунаҳои ёбоии онҳоро ба вучуд оварданд, ки бештар аз 150 намуд ва шаклро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи корҳои зиёд барои шароити баланд-кӯҳӣ намуд ва шаклҳои ояндадори зардолу бо ҳосилнокии имконпазиро то 120-130 с/га ба даст оварда шуданд. Таркиби химиявии навъҳои хушкмевагӣ, табобатӣ ва хӯрокии онҳо муайян карда шуд. Полиморфизми ғании чормағзи юнонӣ ошкор карда шуд, шаклҳои тунукрешаи серравған ва тезпази он ҷудо карда шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки дар Помир танҳо ду навъи тут – сафед ва сиёҳ месабзад. Навъ ва шаклҳои хушкмевагӣ ва хӯрокии тут бо ҳосилнокии баланд ва қанднокӣ ҷудо карда шудааст. Дар Помири Ғарбӣ ва Дарвоз ҷинсҳои мевагии генофонди шакл ва намудҳои зироатии зироатҳои мевагӣ бо гуногуншаклӣ фарқ мекунад ва ин генофонд ҳамчун маводи аввалия зимни парвариш кардани навъҳои нави зироатҳои мевагӣ барои эҳтиёҷоти боғдорӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон ва наздикӯҳии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хизмат карда метавонад. Дар байни навъ, намуд ва шаклҳои таҳқиқшуда даҳҳо шаклҳое вомехӯранд, ки ба селексияи иловагӣ эҳтиёҷ надоранд ва онҳо барои татбиқ дар истеҳсолот тавсия карда шудаанд.[3].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Институти биологии Помир(тоҷ.). anrt.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд.
  2. Институти биологии Помир, таърихи-институт(тоҷ.). ibp.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд.
  3. Институти биологии Помир(тоҷ.). anrt.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд.