Мақсудбеки Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақсудбеки Шерозӣ

Мақсудбеки Шерозӣ (?, Табрез — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, ходими дафтархонаи Таҳмосби Сафавӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Табрез. Азбаски ниёгонаш аз Шероз буданд бо нисбаи «Шерозӣ» ёд мешавад. Дар ҷавонӣ баъди таҳсили улум ба хидмати дафтархонаи шоҳ Таҳмосби Сафавӣ дохил гардид. Соҳиби тазкираи «Туҳфаи Сомӣ» дар назму наср маҳорат доштани Мақсудбеки Шерозиро зикр кар да мефармояд: «Ва алҳақ дар фанни иншо суханонаш ҳама дар ваҷҳи ваҷеҳ ва сиёқи каломаш дар боби муомалот ҳам бар самти таваҷҷуҳ аст. Салиқааш дар ин водӣ ба ғоят олӣ ва дар шеършиносиву дар санҷидаги мусаллами олӣ». Мувофиқи маълумоти ҳамин тазкира Мақсудбеки Шерозӣ достони «Лайли ва Маҷнун» доштааст, вале он то ҳол дастрас нагардидааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо омадаанд. Ин рубоӣ аз ӯст:

Зинҳор маҷӯ ёр, ки дилбар бор аст,
Осуда касе бувад, ки ӯ бе ёр аст.
В-он гаҳ, ки дили хеш ба ёре бастӣ,
Аз вай магусил, ки бевафоӣ ор аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]