Маҳмуди Танбурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуди Танбурӣ

Маҳмуди Танбурӣ (?, Ҳирот — аввали асри XVI) — навозанда ва оҳангсози форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот таваллуд ёфта, дар Табрез ва Бухоро таҳсили илм кардааст. Санъати танбӯрнавозиро дар зодгоҳаш омӯхта, сабки хос пайдо кардааст. Дар сози тан­бӯр оҳангу таронаҳои зиёде офаридааст. «Амали Танбӯрӣ», «Пешрави Маҳмудӣ», «Нақши Танбӯрӣ» аз таснифоти машҳури ӯст. Мирзо Хусайни Танбӯрӣ аз ҷумлаи шогирдонаш мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маҳмуди Танбурӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).