Некии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Некии Исфаҳонӣ

Некии Исфаҳонӣ Зайнуддин Масъуд ибни Алии Ҳаллоҷ (? — 1592) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Натанз ба дунё омада, дар Исфаҳои камол ёфтааст. Дар чавонӣ ба касби падар — ҳаллоҷӣ машғул буд. Баъд ба омӯзиши илм пардохт ва донишманду фозили давр гардид. Ба чанде аз шақрҳои Эрон сафар карда, бо шоирону донишмандони давр, аз он ҷумла бо Мирзошарафи Ҷаҳон, Мавлоно Лисонй ва дигар ҳамсӯҳбат шудааст. Дар тазкираҳо («Туҳфаи Сомй», «Рӯзи равшан») чанде аз матлаи ғазал ва рубоиҳои Некии Исфаҳонӣ дарҷ гардидааст. Дар ашъораш мавзӯъ ва мазмунхои ишқӣ, баёни ҳол ороста бо бадеиёту фасоҳат баён шудаанд. Ин абьёт аз эчодиёти давраи ҷавониаш аст, ки дар «Туҳфаи Сомӣ» омадаанд:

Ҷонфишониҳо ба хоки пои ёрам орзӯст.
Ваҳ, ки як ҷон дораму дар дил ҳазорам орзӯст.

Доман зи бадомӯзии душман макаш аз ман,
Дасти ману домони ту, доман макаш аз ман.
Намунаи дубайтиҳои Некии Исфаҳонӣ ин аст:
Баъди мурдан ёр агар майли сари хокам кунад,
Лолаи хокам ба ӯ шарҳи дили чокам кунад.
Ишқи ӯ чун шамъ месӯзад зи cap то по маро,
Ғолибан мехохад аз олудагӣ покам кунад.

Некии Исфаҳонӣ инчунин ба номи «Зубдату-л-асрор» маснавие дорад, ки дар татаббуъи «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ сурудааст.



Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]