Рӯзи Ғалаба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Медали «За победу над Германией в Великой Отечественной войне 1941—1945 гг.»
Парад дар Москва 2005
Парад дар Киев 2010

Рӯзи Пирӯзӣ — ҷашни пирӯзии ИҶШС бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941—1945 аст, ки 9 май дар Тоҷикистон, Русия, Украина ва дигар ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳама мардуми шуравӣ ширкат карда ва дар пирӯзии Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз он ҷумла, аз Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 58 ҳазор ҷанговар мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 кас аз размандагони Тоҷикистон бо баландпоятарин унвони давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.[1]

Пас аз ба поён расидани ҷанг, 9 май Рӯзи Пирӯзӣ — ҷашни расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар ҳама ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешуд.

Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) яке аз ҷашнҳои давраи шуравӣ аст, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.

Баргузории ид[вироиш | вироиши манбаъ]

9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..[2]

Ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир» (аз Тоҷикистон 90 ҳазор ҷанговар дар амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтаанд) дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.

Парчами Ғалаба

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010.
  2. Рӯзҳои Ид(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]